Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ оғоз шуд

Февраль 21, 2025 09:07

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба таҷлили 32-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ба давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали панҷуми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивал бо намоиши тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар идома номаи сипоси афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат гардид.

Фестивал аз чор қисм иборат буда, қисми аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро бахшҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо баргузории Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» ташкил медиҳанд.

Дар доираи фестивал дар Кохи афсарон бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ дар мавзуи «Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ ва назариявӣ, инчунин мулоқоту суҳбатҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар донишкадаҳои сарҳадӣ ва олии ҳарбӣ баргузор шуданд. Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ 25 феврал дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуда, ғолибони он қадршиносӣ мегарданд.

Мақсади фестивал самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, бахусус пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ мебошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 21, 2025 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад