«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино

Февраль 26, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавои ватандӯстию фарҳангпарварӣ ва дар фазои эҳёи маънавиёти бузурги гузаштагону ғамхорӣ ва дастгирии аҳли илму адаб, ки дар сиёсати давлатдории навини миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ рӯи кор омадааст, иқдоми нави Ҳукумати Тоҷикистон: ҷашн гирифтани 1045-солагии олими бузурги халқи тоҷик, Шайх-ур-раис Абӯалӣ ибни Сино боз ҳам аз сиришти фарҳангдӯстонаи Пешвои миллатамон ва сиёсати маърифатпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ба ин муносибат АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки мақолаю гузориш ва пажуҳишҳои тозаи адибону олимон ва муҳаққиқонро оид ба рӯзгор ва фаъолияти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик — Абӯалӣ ибни Сино ба табъ расонад. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насруллоро дар ин маврид манзури хонандагон мегардонем.

-Замонаҳо ва таърихи қадим гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин сарзамини куҳанбунёд ва дар сиришти азалии миллати мо ҳанӯз аз оғоз заминаҳои қавӣ ва солиме барои ба вуҷуд омадани маънавиёти баланд гузошта шуда буданд. Пайдоиши он ҳама суннату ойинҳои баланди инсонӣ ва он ҳама маърифату фарҳанги оғозини башарӣ дар ин қаламрави сайёраи Замин далели дурахшони ин падида дар таърихи башар аст.

Имрӯз баъд аз гузаштани ҳазорсолаҳо эътирофи байналмилалӣ ёфтани қадимтарин маросими миллии мо дар байни кишварҳои ҷаҳон, истиқболи гарму якдилонаи инсоният аз маънавиёт, илму адабу бузургони гузаштаи мо далели он аст, ки ҳанӯз аз оғози оғоз гаравиши миллати нексиришти мо ба идеяҳои баланди инсонӣ, ба дониш, фарҳанги баланд, бунёдгарӣ, эҷодкорию офариниш роҳнамои мардуми равшанзамири ин сарзамин будааст. Танҳо ном бурдани чаҳор маросими имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофгардида ва истиқболёфтаи миллии мо- Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон кофӣ аст, ки сиришти офаридгору эҷодкори халқи мо собит гардад.

Бинобар ҳамин ба арсаи дунё омадани нобиғагоне аз ин сарзамин ҳанӯз дар он замонаҳои мозиро метавон амри табиӣ донист.

Дар ҳазорсолаи гузашта бо ба арсаи вуҷуд омадани Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ ва як силсила бузургони илму адаб, ки аз ҷумлаи бунёдгарони маънавиёти баланди башарӣ буданд, низ ба ҳамин асос ёфтааст.

Ҳадафи гуфтаҳои мо ин аст, ки дар қатори нобиғагони бузурги дигар дар соҳаҳои мухталифи илму адаб фарзанди бузурги миллати тоҷик, олим ва донишманди ҳамаи соҳаҳои илм, яке аз бунёдгузорони илми тиб дар ҷаҳон Шайх –ул- раис Абӯалӣ ибни Сино низ фарзанди миллати тоҷик ва зодаи ҳамин сарзамин аст.

Табиби ҳозиқ, олим, файласуф, шоир Абӯалӣ ибни Сино дар деҳаи тоҷикии Афшона, дар қарибиҳои шаҳри қадимии Бухоро, ки дар он рӯзгор пойтахти давлатдории тоҷикон- Сомониён буд, аз Ситорабону ном модари тоҷик ба дунё омад.

Ин ки ҳанӯз дар тифлӣ дар деҳаи худ Афшана ва сипас дар Бухоро тамоми илмҳои замонааш- риёзиёт, нуҷум, фалсафа, тибро азхуд намудаю навиштаҳояш ба ҷуз фалсафаю илми тиб илмҳои кимиё, табиатшиносӣ, таърих, забоншиносӣ, эҷоди шеър, илми дин ва тасаввуфро фаро гирифта буданд, нишони он аст, ки ҳамаи ин илмҳо ҳанӯз дар он замон ба дараҷае ривоҷ ёфта будаанд, ки ҳатто кӯдакону наврасон имкони омӯзиши онро доштаанд. Яъне, ҳанӯз дар он замон заминаҳои ҳама гуна илмҳо, аз ҷумла илмҳои дақиқ дар таълимгоҳҳо ва хонаводаҳои тоҷикӣ гузошта шуда буд. Қобилияту истеъдод ва завқи хубу кӯшишҳои шахсии ӯ ва роҳнамоии муҳити созгор дар тифлӣ асос гардид, то чунин нобиғае ба олам ояд.

Маълумоти ибтидоиро ӯ аз падар, ки корманди масъули даргоҳи Сомониён буд, гирифтааст. То куҷо муҳим будани нақши падару модар ва оиларо метавон аз ҳамин ҷо низ хулоса кард. Ҳамоно ӯ аз тифлӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ шавқ дошт ва муҳити Бухоро барои омӯзиши илм хеле созгор буд. Аз ҷумла, илми риёзиро ӯ дар назди Маҳмуди Массоҳ, мантиқ ва фиқҳ (ҳуқуқу қонун)-ро дар назди Исмоили Зоҳид, тибро дар назди табиби Бухороӣ Абӯмансури Қамарӣ, фалсафаро аз Абӯабдуллоҳ Нотилӣ омӯхт.

Аз 15-солагӣ мустақилона ба омӯзиши илмҳо пардохт. Дар 18- солагӣ ӯ аллакай олими омода буд ва чун табиб шуҳрат ёфт. Баъд пайваста дар алоқамандӣ бо доираҳои илмии замон ва олимони даврон омӯзиш ва эҷодкориро идома дод.

Баъд аз рад кардани хизмати дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ ба сари Сино рӯзгори пур аз саргардониҳо дар Хоразму Табаристон омад. Ӯ баъзе корҳои худро дар сари зин- ҳангоми сафарҳои дурудароз навиштааст, ки аз заҳмату ҷоннисорӣ ва ҷудоинопазирии ӯ аз илм дарак медиҳанд. Зиндагонии ӯ дар Ҳамадону Исфаҳон ибратомӯз аст.

Абӯалӣ ибни Сино ҳамагӣ 57 сол умр дида, ҷараёни зиндагии ӯ ниҳоят пурмашаққат, дар оворагӣ ва дарбадарӣ гузашт. Ҳайратовару эъҷознамо аст, ки дар ҳамин зиндагии кӯтоҳ ва ноорому вазнин ӯ тавонистааст мероси илмии хеле зиёди гаронбаҳо ба ояндагон гузорад.

Маъхазҳо ва муҳаққиқон миқдори осори ӯро то 455 адад ном бурдаанд. «Ҳозир,- навиштаанд дар пешгуфтори асарҳои мунтахаби ӯ Ғаффор Ашӯров ва Мӯсо Диноршоев, — 160 асари мутафаккир маҳфуз аст, ки оид ба соҳаҳои гуногунии илмҳои замони ӯ баҳс мекунанд. Ибни Сино дар инкишофи илмҳои фалсафа, мантиқ, тиб, ҳандаса, илми ҳайат, набототшиносӣ ва дигар соҳаҳои табиатшиносӣ саҳми мондагор гузоштааст. Ин аст, ки ӯро барҳақ ҳакими бузург ва олими энсиклопедӣ меноманд. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ибни Сино бо асарҳояш дар 29 соҳаи илм саҳм гузоштааст».

Синои хурдсол ҳанӯз дар овони кӯдакӣ атрофиёнро бо кунҷковӣ ва пурсишу ҷустуҷӯ дар ҳайрат гузошта буд. Чунонки овардем, муаллимҳое, ки барои ӯ киро карда буданд, ба ӯ аз физика, астрономия, фалсафа, география ва дигар фанҳо дарс медоданд. Дар баробари ин, илова ба илмҳои дар боло гуфташуда ӯ ба омӯзиши грамматика, забони арабӣ ва илми сабку услуб низ машғул буд.

Аз эҷодиёти Сино шоҳасаре, ки бештар ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, машҳури ҳама замонҳою вирди ҳама забонҳо ва ҳамеша дар истифодаи амалию илмӣ будааст, бешубҳа, асари бисёрҷилдаи ӯ “Ал Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ҳарчанд ҳар як асари дигари ӯ беназир буда, кашфиёт ва саҳми бузурге дар ин ё он соҳаи илм дорад.

Бузургтарин асари Сино дар олами тиб “Ал Қонун фи-т-тиб” дар байни солҳои 1012 – 1023 навишта шудааст. Ин китоб дар асрҳои миёна дар кишварҳои Аврупо беш аз 7 садсола китоби асосии дарсии оид ба тиб маҳсуб шуда, ба забонҳои зиёди дунё ба шакли пурра тарҷума шудааст.

Қобилияти илмии Абӯалӣ ибни Сино, пеш аз ҳама, дар соҳаи илми тиб зуҳур ёфта буд. Бесабаб нест, ки ӯро дар қатори чунин бузургони ин илм, ба монанди Буқрот ва Ҷолинус ном мебаранд. Дар як асари кандакории асримиёнагии Аврупо Ибни Сино тоҷ бар сар дар минбар ва аз ду тарафи ӯ Буқроту Ҷолинус ба тасвир омадаанд, ки ин бузургии мавқеи табиби моро дар ақсои ҷаҳон дар таърихи илм нишон медиҳад.

Дар “ал Қонун”-и Сино таҷрибаи тиббии халқҳои Эрону Ҳинд ва Арабу Юнон ҷамъбаст шудааст. Ин асари безавол панҷ аср сарчашма ва роҳнамои асосии олимони ҷаҳон дар Ғарбу Шарқ гардида буд ва то имрӯз аҳамияти илмии худро гум накардаву яке аз сарчашмаҳои муътамад маҳсуб мешавад. Баъд аз ихтирои санъати чопи китоб “Ал-қонун-фи-т-тибб” соли 1483 дар Венетсия нашр шуд. Дар асрҳои 15-16 ин китоб 35 маротиба гаштаю баргашта ба нашр расидааст.

Ба ҷуз ин асар Ибни Сино китобҳои зиёди дигари тиббӣ, аз ҷумла асари бузурги “Китоб-уш-шифо”, “Ал кулинҷ”, “Ал- адвият-ул –қалбият” ва рисолаҳои “Мухтасар-ун-набз” , “Алвоҳия” ва ғайра навиштааст. Ҷолиб аст, ки дар ин қатор як силсила асарҳои худро, қариб даҳ номгӯй дар шакли назм бо номи “урҷуза”, яъне баҳри раҷаз навиштааст, ки нуҳтои он ба мавзуи тиб ва яктояш ба мавзуи мантиқ бахшида шудааст. Ва ин далели на танҳо олими бузург, балки шоири бузург будани ӯ низ мебошад. Ба андешаи мо, асарҳои назмии Ибни Сино ҳанӯз интизори пажуҳишҳои ҳамаҷонибаи олимони адабиётшинос мебошанд. Аммо Сино худ на танҳо шоир, балки муҳаққиқи шеъру адабиёт ва ҳатто мусиқӣ будааст, ки асарҳое бо номи ”Ал мантиқ би шеър”, “Ал қасоид фи-л-азамат ва –л ҳикмат, “Рисола фи-л –ҳуруф” ва ғайраҳоро эҷод намудааст.

Китоби дигари Сино ба фармакология- таълимот оид ба доруҳои одӣ, табиат ва хусусияти онҳо бахшида шудааст. Ӯ 811 доруи аз растанию ҳайвонот ҳосилшуда ва дорои баромади минералиро бо нишондоди таъсир, хусусият ва тарзи ҷамъоварӣ, коркард ва нигаҳдошташон нишон додааст. Ҳамчунин номгӯи баъзе доруҳои дорои баромади минералӣ, ба мисли гаҷ, гил, даҳони фаранг, лоҷувард, симоб, сулфур, сурма, нефт ва ғайраро муайян намудааст.

Чунонки гуфтем, қисмати бузурги осори Синоро асарҳои фалсафӣ ташкил медиҳанд. Бояд изҳор намуд, ки қисмати рисолаҳои фалсафӣ- адабии Синоро дар навбати худ ба чанд гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Аввалан, рисолаҳое, ки комилан мавзуи фалсафиро дар бар мегиранд. Аз ин ҷумла метавон рисолаҳои “Дар ақсоми улуми ақлия”, “Дар баёни тақсими нуфус”, “Мабдаъ ва маод”, “Нафс”, “Дар ҳақиқат ва кайфияти силсилаи мавҷудот”, “Феълу инфиол ва қисматҳои он” ва ғайраро номбар кард.

Дуюм, рисолаҳое, ки дар бораи ҳодисаву дигаргуниҳои табиат баҳс мекунанд. Ба ин қабил рисолаҳои “Курозаи табииёт”, “Меъёр-ул-уқул дар фанни ҷарри исқол”, “Дар зикри сабабҳои таъд”, “Дар баёни кайфият ва иллати будани замин” ва ғайра дохил мешаванд.

Сеюм, рисолаҳое, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва ахлоқию адабиро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Ба ин гурӯҳ рисолаҳои “Муршид-ул-кифоя”, “Аҳд”, “Таҳсил-ус-саодат”, “Қадр” , “Тадбири манзил”, “Ҳай ибни Яқзон”, “Тайр” ва “Ишқ”-ро мансуб намудан мумкин аст.

Абӯалӣ ибни Сино бо эҷоди “Ишорот ва танбеҳот”, “Китоб-ун-наҷот”, “Китоб-ун-шифо” ва ғайра дар таърихи афкори фалсафии инсоният нақши абадӣ гузоштааст. Дар осори фалсафии мутафаккир масъалаҳои таносуби Худо ва табиат, моддаву сурат, нафсу дин, сабабият, донисташавии олами моддӣ ё агар ба мафҳумҳои имрӯзии илми фалсафа гӯем, проблемаҳои оптологӣ ва гносологӣ ҳарҷониба тадқиқ ва таҳлил шудаанд.

Абӯалӣ ибни Сино ба чунин хулосае меояд, ки “олам қадим ба замон аст, зеро биззот мутааххир аз вуҷуди воҷиб ва маълули он аст. лекин тааххури он аз сонеъ, тааххури зеҳнӣ аст, зеро вуҷуди иллат заруратан ва бе фосилаи замонӣ муқтазои вуҷуди маълул аст. Ашёи муҳдас ҳамон аъёни ашёи мавҷуд ва оламанд”(Забеҳулло Сафо).

Дар системаи фалсафии Абӯалӣ ибни Сино ба таҳлили шаклҳои ҳастии материя — ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари Ибни Сино, чунон ки аз тавзеҳи шаклҳои он – маконӣ, найфӣ (сифатӣ), каммӣ (миқдорӣ), маълум мешавад, ҷой иваз кардани ҷисм, тағйироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Чунин шарҳи масъала барои фаҳмидани моҳияти ҳодисаҳои гуногуни табиат аҳамияти бузург дошт.

Повестҳои фалсафии Сино “Ҳай ибни Яқзон” ва “Ат-тайр” ба пешрафти адабиёти халқҳои Шарқ ва Аврупо таъсири бузург расонидаанд. Саноӣ дар “Сайр -ул –ибод ила-л-маод” мундариҷаи “Ҳай Ибни Яқзон”, Аттор дар “Мантиқ-ут-тайр”, Алишери Навоӣ дари ”Лисон –ут- тайр” мавзуи “Ат-тайр”-и Синоро ба риштаи назм кашидаанд. Баъзе оҳанги ин асарҳои Синоро дар “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте, ки Ибни Синоро дар қатори бузургтарин адибони олам мешуморид, дучор меоем. Ақидаҳои эстетикии Ибни Сино дар рисолаҳояш оид ба арӯз, хитоба ва мусиқӣ баён шудаанд.

Идеяҳои фалсафӣ ва илмии Сино ба пешрафт ва рушди илму фалсафаи Шарқу Ғарб таъсири бузург доштаанд. Умари Хайём, Муҳаммад Ҷурҷонӣ, Насириддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Ҷалолиддини Давонӣ равияи ӯро идома дода, илму фалсафаи асрҳои миёнаро хеле ривоҷ доданд. Муборизаи ғоявие, ки дар атрофи осори Сино шиддат гирифт, ба такомули таваккури фалсафӣ ва илмӣ кумак кард, зеро намояндагони мактаби Ибни Сино душманони идеявии ӯро рад карда, чандин каҳфиёти нави илмию фалсафӣ ба даст оварданд.

Нақши Абӯалӣ Сино дар ташаккул ва риоҷу такмили истилоҳоти илмии забони тоҷикӣ, ки ҳанӯз дар асрҳои 10-11 забони асарҳои илмӣ гардида буд, бузург аст. Вай ба воситаи асарҳои тоҷикиаш, ки зиёда аз 20 номгӯйро ташкил медиҳанд, исбот намуд, ки забони тоҷикӣ барои ифодаи маъниҳои борики илмию фалсафӣ қодир аст. Истилоҳоти дар илм ва фалсафа татбиқ кардаи Ибни Сино давоми асрҳо аз санҷиш гузашта, такмил ёфтанд ва имрӯз ҳам қобили истифодаанд. Хусусан яке аз асарҳои бузургу муваффақ ва дорои аҳамияти фавқулодаи Сино “Донишнома” , ки ба забони модарии ӯ- тоҷикӣ навишта шудааст, намунаи беҳтарини асарҳои илмию фалсафӣ буда, дар ташаккули забон ва истилоҳоти тоҷикӣ нақши муҳим гузоштааст.

КАШФИЁТИ ИЛМИЮ ТИББИИ СИНО

Кашфиёти илмии Сино дар соҳаҳои мухталифи илм, ба ҷуз кашфиёту поягузории ӯ дар илми тиб хеле зиёд ҳастанд, ки ҳатто номбар кардани онҳо дар як мақола ва ҳатто як китоб намеғунҷад. Зеро тамоми осори Сино саҳифа ба саҳифа ҳама кашфиёти тозаи илмӣ дар замони худ буданд. Мо танҳо аз хусуси чанд кашфиёти илмии ӯ дар ин ҷо ёдовар мешавем.

Бубинед, танҳо дар соҳаи кимиё Сино тавонист чандин кашфиёт кунад. Ӯ буд, ки тавонист кислотаҳои азотӣ (нитроген), кислотаи сулфат, кислотаи хлорид (солянная кислота) истеҳсол кунад ва полоиш ё тақтири онҳоро ба роҳ монад.

Чун астроном ӯ Аристотелро танқид кард, ки нури ситораҳоро акси нури Хуршед меҳисобад. Ибни Сино чунин мешумурд, ки ситораҳо худ мунаввар мешаванд, аммо тахмин мекард, ки сайёраҳо низ сарчашмаи нуранд. Ҳамчунин ӯ талқин мекард, ки Зӯҳро (Ноҳид) ба Хуршед наздиктар аз Замин аст. Ӯ дастгоҳе сохт барои назорати астрономӣ, ки бо андешаи ӯ бояд устурлобро иваз мекард. Дар ин асбоб бори аввал принсипи нониус, ки ихтирои Сино буд, истифода шуд.

Чун олими механика Ибни Сино сабаби ҳаракати ҷисмҳоро дар неруи берунии зоҳирии онҳо (ки олимони аврупоӣ импетус меномиданд) медид. Чунин мешуморанд, ки идеяҳои ӯ аз ҷониби олимон дар ғарби Лотин гирифтаю инкишоф дода шуданд.

Ҳамчунон ӯ дар рушди фалсафа, мантиқ, руҳшиносӣ (психология) ва чандин фани дигар саҳми бузург гузоштааст. Махсусияти заҳматҳои илмии ӯ дар қолаби достонҳо низ ба қалам омадааст. Аз ҷумла, рисола дар бораи ишқ ва рисола дар бораи парандагон (тайр)-ро метавон ном бурд.

Сино бори аввал сироятнокии бемории обакон (гул, нағзак)-ро ошкор сохт, тафриқаи байни тоун (чума) ва ваборо муайян намуд, хусусияти ҷузм (махав)-ро навишта, фарқи онро аз дигар бемориҳо нишон дод. Ва хусусияти чандин бемориҳои дигарро муайян намуд.

Сино донишманде буд бебаҳо, табибе буд дар сатҳи Гиппократ, табиатсанҷе буд дар сатҳи Галилей, математик, физик, химик, физиологи ҷонварон, файласуф, пайрави идеяҳои Платон ва Аристотел, шоир, назарияшинос, энсклопедист, мусиқишинос, хуллас, олими ҳамаҷонибаю ҳамасоҳа ва дар ҳама самтҳо дар сатҳи баланд.

Яке аз таълимоти бунёдию появии Ибни Сино аз хусуси мизоҷ (хулқ) ва тинати инсон аст. Дар асоси ин таълимот табиати инсон ба чаҳор намуди одӣ ҷудо мешавад: гарм, сард, тар ва хушк, ки дар руҳшиносии муосир ҳамрадифи чаҳор мизоҷ аст. Ин мизоҷҳо (табиатҳо) устувор (ҳамешагӣ) нестанд, балки зери таъсири омилҳои даруниву берунӣ, амсоли обу ҳавою фаслҳои сол, тағйирот дар моеъоти узвҳо, ки низ метавонанд мизоҷи инсонро дигар кунанд, тағйир меёбанд. Ба ҷуз табиатҳои одие, ки ном бурда шуд, Сино боз чаҳор табиат, миҷози мураккабро вобаста ба омезиш ё ҷараёни яке аз ин моеъот (хун, луоб, зарда (сафро)-и зард ва сиёҳ) муайян намудааст, ки бе баназаргирии онон муолиҷаи инсон дақиқ нахоҳад буд.

Бемории сирояткунанда будани сил (туберкулез) низ кашфи Синои бузург аст. Ибни Сино дар мавриди ангезишдиҳандагони нонамоёни бемориҳо тавассути обу ҳавою замин пажуҳишҳо намуда, нақши системаи асаб ва ҳаёттаъминкунандагии онро ба ҷисм муайян кардааст. Сино бори аввал маълумоти пурраи чунин бемориҳоро, мисли менингит, диабет, захми меъда ва зардпарвин ҷамъ овардааст.

Дар мавриди кашфиёти илмии Ибни Сино, шахсияти нотакрори ӯ, саҳми бузургу мондагораш дар бунёд, рушду такомули илмҳо метавон соатҳо сухан намуд ва боз ҳам ногуфтае хоҳад монд.

Мо умедворем, ки ба муносибати ҷашни мубораки ӯ, ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, дар суҳбату пажуҳишҳои тозаи дигар таҳқиқи ин мавзуъҳо идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бадахшон ғолибони даври вилоятии фестивал муайян шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштироки шаҳрвандон дар раванди интихобот ифодагари фарҳанги баланди сиёсии онҳо мебошад
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Мулоҳизаҳои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ
Зафар Сайидзода: «Аз номи тоҷик ва ҳам забони тоҷикӣ бояд ифтихор намуд»
Дар шаҳри Лондон ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои зуд дур намудани бӯйи баланди махсуси сирпиёз чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад
Шоми мусиқии Болливуд дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе танинандоз мегардад
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дӯст доштани атласу адрасбофӣ Машҳурахон Ориповаро дар ин касб муваффақ гардонид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
Дар Тоҷикистон намоиши ҷашнии мусаввараҳо оид ба таъриху фарҳанги Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт