ИМРӮЗ — РӮЗИ ХАРИТАҲОИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки дар ҷомеа барои пешгирии офатҳо тадбирҳо андешида шавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврали соли 1855 аввалин маротиба аз ҷониби директори расадхонаи Париж Урбен Левере харитаи обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) пешниҳод гардид. Ба воситаи харитаи обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) обу ҳаво пешгӯӣ карда мешавад. 19 феврал Рӯзи харитаҳои обуҳавошиносӣ дониста мешавад. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.
Харитаҳои обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) дар пешгӯии обу ҳаво нақши муҳим доранд. Онҳо барои пайгирӣ ва пешгӯии шароити обу ҳаво, аз қабили борон, барф, раъду барқ, мавҷҳои гарму хунук ва пешгӯии обу ҳавои шадид, аз қабили тӯфонҳо ва гирдбодҳо кумак мекунанд. Харитаҳо ба обуҳавосанҷон имкон медиҳанд, ки ҷомеаро огоҳ кунанд ва барои пешгирии офатҳо тадбир андешанд.
Ҷамила Байдуллоева иброз намуд, ки аввалин харитаи обуҳавошиносӣ дар таърихи илм, ки аз рӯи маълумоти обу ҳаво тавассути таҷҳизоти телеграф аз як қатор шаҳрҳои Аврупо ба Париж фиристода мешуд, ба фаъолияти хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оғоз бахшид. Корҳои Урбен Левере исбот намуданд, ки бо истифода аз харитаҳои обуҳавошиносӣ пайдоиши қувваи даҳшатноки тӯфонҳоро пешгӯӣ кардан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1932 дар назди стансияи ҳавосанҷии Сталинобод (аз соли 1926 фаъолият мекунад) бахши обуҳавосанҷӣ ташкил гардид. Моҳи июли ҳамон сол корҳо оид ба таҳияи харитаҳои заминӣ ва пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат оғоз ёфтанд. Сипас моҳи декабри соли 1964 дар ҳайати бюрои обуҳавошиносии шаҳри Душанбе шуъбаи пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ ташкил шуд. Вазифаи асосии шуъба таъмини кишоварзон бо маълумоти дақиқ ва саривақтии обуҳавосанҷӣ буд.
«Бо пешрафти технология ба рушди бахши пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ замина гузошта шуд. Дар мамлакат гурӯҳи хурди обуҳавосанҷӣ то ба Маркази муосири пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ расид. Имрӯзҳо харитаҳои обуҳавошиносӣ бо истифода аз амсилаҳои мураккаби математикӣ, коркарди массивҳои бузурги маълумотӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ сохта мешаванд. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки дақиқии пешгӯиҳо ба таври назаррас баланд бардошта шуда, омилҳои гуногуни ба шароити обу ҳаво таъсиррасон ба назар гирифта шаванд»,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Ҳамин тариқ, харитаҳои обуҳавошиносӣ воситаи муҳими омӯзиш ва пешгӯии обу ҳаво боқӣ монда, аҳамияти онҳо ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Имрӯзҳо харитаҳои обу ҳаво бо истифода аз тарҳҳо (системаҳои) компютерӣ коркард мешаванд. Ин раванди пешгӯии обу ҳаворо хеле осон месозад ва ба обуҳавосанҷон имкон медиҳад, ки дар вақти сарфашуда пешгӯии худро муфассалтар баррасӣ намоянд. Ҳамчунин ба ин восита дақиқияти маълумотро баланд бардоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз муаллиф








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






