«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Кормандони идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар канори роҳҳо беш аз 15,8 ҳазор бех ниҳол шинониданд. Аз ҷумла, то 30 январи соли равон Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтар 1209 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 6518 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 7 ҳазору 727 бех ниҳол, Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор 1430 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб 2062 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 2408 бех ниҳоли дарахтони соядиҳанда, ҳамагӣ 4470 бех ниҳол, Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд 865 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 1396 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 2261 бех ниҳол шинонданд. Азбаски дар минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ҳанӯз барф ва ҳаво сард аст, ниҳолшинонӣ моҳи март оғоз меёбад.
Дар маҷмуъ, дар канори роҳҳои мошингарди мамлакат 6 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат ва коҷ (санавбар) ва дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда мешаванд. Чунин вазифагузорӣ аз «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 29 ноябри соли 2023 қабул гардидааст, бармеояд.
Ин барнома дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.
Барнома дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум солҳои 2023 – 2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026 – 2027-ро дар бар мегирад. Аллакай дар марҳилаи аввал бояд дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 28 июни соли 2024 боз як санади муҳим – «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул намуд. Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.
28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои такмил додани стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», сабзазоркунии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






