КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ. Аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ ин зироат дар ҷаҳон баъди гандум ва шолӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд
ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат кишти картошкаи барвақтӣ ҷараён дорад, ки ҳосили он охирҳои моҳи май ҷамъоварӣ мегардад. Картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда дониста мешавад, ки баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд.
Тибқи таҳлили ғизошиносон, як нафар бояд давоми як сол 110 килограмм картошка истеъмол намояд. Тавре директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «картошка яке аз зироати асосии хӯрокворӣ барои аҳолӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ картошка дар дунё баъди гандум ва шолӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ин зироат ҳар сол дар дунё дар майдони бештар аз 20 миллион гектар кишт мегардад».
Дар шароити истеҳсолоти ҳозира картошка асосан ба воситаи лӯндаҳояш зиёд гардонида мешавад. Аммо дар навъбарорӣ (селексионӣ) картошка ба воситаи тухмаш низ афзоиш дода мешавад. Агар картошка аз лӯнда афзоиш ёфта бошад, решаи вай патакреша ва агар аз тухмҳояш афзоиш ёбад, тирреша мебошад. Навъҳои тезпазаки картошка решаи нисбатан кӯтоҳтар, вале навъҳои миёнапаз ва дерпази вай решаи дароз доранд.
Муҳлати миёнаи баромади ниҳолҳо аз рӯзи шинонидан то баромадани ниҳолҳо 25-30 рӯзро ташкил медиҳад. Картошка зироати равшанидӯст буда, рӯзи кӯтоҳро нағз ҳис менамояд. Аз сабаби камии равшанӣ картошка инкишоф наёфта, танаи ниҳолҳо борику дароз мегардад. Бинобар ин тарзи кишти картошка бояд тавре гузарад, ки ба ниҳолҳо нури Офтоб бисёртар расад.
Ба тавсияи олимон, дар кишти барвақтии картошка, ки моҳҳои декабр-февралро дар бар мегирад, ба хотири ҳифзи тухмӣ аз сардиҳои моҳҳои январу феврал тухмии картошка бояд дар чуқурии 8-10 сантиметр шинонида шавад. То ба замин кишт намудан картошка каме ҳам бошад, бояд сабзонида шавад. Сабзонидани лӯндаҳои картошка ва муҳити мусоид ҳангоми шинонидани лӯндаи картошка боиси нешзании саривақтӣ ва рушду афзоиши мувофиқи картошка назар ба алафҳои бегона мегардад. Инчунин вобаста аз имконият ҳангоми шинондани тухмии картошка пору дар ду маврид- дар даруни ҷӯяк бо лӯндаи картошка ва дар болои ҷӯякҳо истифода бурда шавад, беҳтар аст. Пору лӯндаҳои картошкаро аз сардиҳо эмин медорад ва чун ғизо истифода мешавад.
Картошкаи барвақтӣ ба нуриандозӣ эҳтиёҷ дошта, сифати ҳосил низ аз меъёри ғизодиҳӣ вобастагии калон дорад. Қисми асосии нуриҳо (органикиву минералӣ) пеш аз шудгори тирамоҳӣ ва боқимондаи нурӣ (минералӣ) дар вақти ғизодиҳии якуму дуюм дода мешавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки картошка ба намнокии қабати хок ва обдиҳии саривақтӣ эҳтиёҷи калон дорад. Дар шароити водӣ дар вақти гулкунӣ ва лӯндапартоӣ талаби ин зироат ба намӣ зиёд мегардад. Ба картошказори барвақтӣ вобаста аз намуду қобилияти намнигоҳдории хок бояд то давраи шонабандии ниҳолҳо як-ду маротиба оби сабук дода шавад. Ба картошказор бояд баъди ҳар 5-7 рӯз як маротиба об дода шавад. Дар маҷмуъ, ба картошказори барвақтӣ 4-6 маротиба об дода мешавад. Сарфи об дар ҳар обдиҳӣ дар 1 гектар бояд 500-600 метри мукаабро ташкил диҳад.
Ба андешаи олимони соҳа, дар кишти тирамоҳии картошка тайёр намудани замину хок яке аз омилҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланд ба шумор меравад. Замин бояд аввал бо ёрии механизмҳо ҳамвор карда шавад. Ба як гектар замин бояд 30-40 тонна поруи пӯсида ва 70 фоиз миқдори зарурии нуриҳои фосфорӣ ва калийдор андохтан зарур аст.
Дар кишти тирамоҳӣ бояд лӯндаҳои солими вазнашон 30-60 грамм истифода гарданд. Дар кишти тирамоҳӣ фақат лӯндаҳои нобурида тавсия дода мешаванд. Лӯндаҳои бурида дар зери хок давоми зимистон дучори таъсири хунукӣ, намнокӣ ва касалиҳо гашта, метавонанд пӯсанд. Ҳаҷман калон гаштани ҳосили лӯндаҳои картошкаи барвақтӣ асосан аз нақшаи кишт, ҳосилхезии замин, ғизодиҳӣ ва реҷаи обмонии ниҳолҳо вобаста мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






