«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад

Февраль 16, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ иқдоми ватанпарваронаи «Китоб барои муҳофизони Ватан» идома дорад.

Дар саҳифаҳои таърих қаҳрамонон ҳамеша аз зумраи сарбозони Ватан буданд, ки бо диловарӣ ва садоқати худ Ватанро ҳифз кардаанд. Иштирокчиёни ин ташаббус метавонанд бо тақдими як китоб садоқати худро ба муҳофизони Ватан дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ  баён намоянд.

Дар доираи ин иқдом соли 2024  14 500 китоб ҷамъоварӣ ва бо меҳру муҳаббат ба 30 қисми ҳарбии мамлакат тақдим шуд. Ин ҳарфҳо, ин саҳифаҳо, ин донишу хирад акнун ҳамсафари сарбозоне хоҳанд шуд, ки шабу рӯз барои осоиши мо дар хизмати Ватан қарор доранд.

Иштирокчиёни иқдом метавонанд китоби дӯстдоштаашонро бо таманниёти нек ҳамчун туҳфа ба сарбозон ба бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҷо истиқомат доранд, супоранд. Инчунин акс ё видеои онро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ гузоранд.

Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи нек аз гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Бузурге гуфтааст, ки «агар дар бораи инсон ҳукм  биронем,  бояд сараввал  бипурсем, ки чанд китоб хондааст. Зеро китоб муаллимест, ки бе асо ва  тозиёна моро тарбия мекунад». Аз ин хотир ҳар яки мо бояд дар ин кори хайр шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хуб ба сарбозони Ватан тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.

Бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ ва китобхон намудани насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки 5 декабри соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги  аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас шавад.

Бояд гуфт, ки  қаблан ҳам бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба ҳар оилаи мамлакат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид.

Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон чунин иброз доштаанд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор намоем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оила туҳфа намояд».

«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон шинос намуд», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат тибқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2019 баёнгардида  бо теъдоди 1 600 000 нусха бо сифати баланд нашр шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС:  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд