«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷумҳурӣ иқдоми ватанпарваронаи «Китоб барои муҳофизони Ватан» идома дорад. Дар доираи он аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ба сарбозони шуҷои Ватан 1000 китоб бо дастхат тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хабар доданд.
Ректори донишкада Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи неки гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд дар ин кори хайр шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хуб ба сарбозони Ватан тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.
Дар шароити кунунӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҳар ҷавонмард ҳам қарз ва ҳам фарз аст, зеро ҳифзи сарҳад ва якпорчагии мамлакат сабаби асосии осоиштагию пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ мебошад. Чуноне ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».
Имрӯз чандин ҳазор ҷавонони далеру шуҷои Ватан софдилонаю содиқона ва бо ғурури баланди ватандӯстӣ хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Ин нишони он аст, ки имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хуб мебошад. Чунин шароит теъдоди зиёди ҷавонони хоҳишмандро ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аксари ҷавононро баъд аз хатми донишгоҳҳои олии мамлакат ихтиёран ба хизмат ҷалб менамояд.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






