Моҳи май дар Душанбе Форуми «Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкории гуманитарӣ — фарҳангӣ» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми «Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкории гуманитарӣ — фарҳангӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазъи корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани форуми мазкур дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев баррасӣ гардид. Инчунин дар мулоқот масъалаҳои рафъи мушкилоти таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия, омӯзиши забони русӣ ва робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар равияи омӯзгорӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, доир намудани мактабҳои тобистона барои хонандагону донишҷӯён, баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, таҷрибаомӯзӣ дар заминаҳои донишгоҳҳои самти омӯзгорӣ муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ тақвият меёбад. Ин ҳамкорӣ дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол густариш меёбад.
Михаил Швидкой омодагии ҷониби Федератсияи Русияро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ иброз намуд. Ӯ тақвияти ҳамкории тарафҳоро дар самтҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон муҳим арзёбӣ кард.
Иброз гардид, ки омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ муассисаҳои муштарак дар самтҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, бо кадрҳои баландихтисоси равияи омӯзгорӣ, махсусан омӯзгорони забони русӣ таъмин будани муассисаҳои таълимӣ омили таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






