Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ Нурлан Сейтимов, ки бо мақсади оғози фаъолияти ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди мамлакат ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори шаффоф ва дар доираи қонун баргузор гардидани интихобот буда, шахсони соҳибтаҷриба, ташаббускор ва дурандешу донишмандро ба мақоми олии қонунбарор – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ намудааст, то дар панҷ соли оянда ба Ватан, давлат ва ҷомеа содиқона хизмат намоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихоботи дарпешистода бо барномаи худ, ки фарогири тамоми масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ва давлат аст, ворид мегардад. Дар посух ба саволи меҳмонон, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз кадом роҳу воситаҳои таблиғотӣ дар интихобот истифода менамояд, Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки дар баробари матбуоти даврӣ мо имрӯз бо назардошти рушди воситаҳои иттилоотӣ аз тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғотро вусъат бахшидаем. Ҳамзамон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалу минтақаҳо номзадҳои мо бо мардум суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дода, мазмуну моҳияти Барномаи ҳизб ва нақшаҳои минбаъдаамонро, ки фарогири ҳалли мушкилоти аҳолӣ мебошанд, амалӣ менамоем.
Нурлан Сейтимов иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мушоҳидаи дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати раванди интихобот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуда, раванди интихоботро дар Тоҷикистон 10 нафар мушоҳид ба таври дарозмуддат ва 120 нафар ба таври кӯтоҳмуддат мушоҳида менамоянд. Онҳо бе дахолат ба кори комиссияҳои интихоботӣ ва раванди интихобот фаъолият мекунанд.
Муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи мулоқот бо Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос шуда, ба суолҳои худ посух гирифт.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






