Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд

Февраль 11, 2025 11:32

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтуми Тоҷикистонро назорат менамоянд. Дар ин хусус Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.

Мушоҳидон бо даъвати роҳбарони палатаҳои Парлумони Тоҷикистон – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар назорати ҷараёни маъракаи интихоботӣ иштирок менамоянд.

Коршиносони Пажуҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократияи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилба омӯзиши қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқати он ба меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ шуруъ намуданд.

Дар доираи мониторинги дарозмуддат мушоҳидони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил инчунин бо ташкилкунандагон ва иштирокчиёни интихобот мулоқотҳо доир намуданд.

Вохӯрии онлайн бо котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадзода доир гардид. Наврӯз Самадзода дар бораи чӣ гуна гузаштани бақайдгирии номзадҳо ва ташкили иттилоотонии шаҳрвандон оид ба овоздиҳии дарпешистода бо истифода аз барномаи махсуси мобилии «Интихоботи вакилони халқ — 2025» маълумот дод.

Муовини раиси котиботи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-директори Пажуҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократия Иван Мушкетгуфт, ки бо супориши раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои МустақилВалентина Матвиенко гурӯҳи мониторингӣ таъсис дода мешавад. Ба он вакилон ва сенаторҳо аз мамлакатҳои иттиҳод, ходимони ассамблея ва коршиносони Пажуҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократия дохил мешаванд.

Иван Мушкет афзуд, ки мушоҳидони Ассамблея принсипҳои дар Конвенсия оид ба меъёрҳои интихоботи демократӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баёншуда: эҳтиром ба соҳибихтиёрии давлат, дахолат накардан ба раванди интихобот ва шаффофиятро риоя менамоянд.

Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботро бо раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Ғиёсиддин Ашӯрзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ва муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Мирзоанвар Аҳмадов баррасӣ намуданд.


Намояндагони иттиҳодияҳои сиёсӣ дар бораи пешбарии номзадҳо, барномаҳои пешазинтихоботӣ, инчунин омӯзиши мушоҳидони ҳизбӣ сухангуфтанд. Иштирокчиёни маъракаи интихоботӣ фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар доираи мониторинги дарозмуддат, мушоҳидон инчунин ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург рафтанд. Аъзои гурӯҳи назоратӣ бо котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Фаррух Қосимов имконоти овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон-сокинони ҳавзаи  шимолу ғарби консулгариро дар участкаи интихоботии консулгарии генералӣ муҳокима намуданд.

Дар вохӯриҳо муовини Дабири кулли Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иштирок намуд.

Қаблан ӯ бо шаҳрвандони Тоҷикистон- сокинони минтақаи шимолу ғарби Русия, намояндагони ҳизбҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон ва донишҷӯён мулоқот намуд.


Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ ба ҳамватанон оид ба интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ маълумот дод. Аҳамияти маъракаи интихоботӣ барои ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, зарурати риояи талаботи қонунгузории кишвари иқомат ва муқовимат ба паҳншавии мафкураи террористию ифротгароӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилназорати дарозмуддати интихоботро идома медиҳанд. Натиҷаҳои он охири моҳи феврал ба раисони  ҳарду палатаи Парлумон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

АКС: Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Февраль 11, 2025 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд