Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҳамоиш бахшида ба ташаббуси СММ «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҳамоиш бахшида ба ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All) иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, намояндаи доимии Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро барои миллионҳо нафар ёдрас шуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуд.
Дар мавриди ташаббуси мазкур иброз шуд, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи аввали давлатҳое шомил гардидааст, ки онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин аҳаммияти ин ташаббус таъкид шуда, баён гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати худ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳаммияти хоса медиҳад.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Дафтари идораи СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) баргузор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






