НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Сулаймон Султонзода иттилоъ дод.
Директори агентӣ иброз дошт, ки кормандони ин ниҳод бо мақсади муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1053 вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон 1711 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ошкор ва баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаро нисбат ба 1180 нафар ошкор намуданд. Тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 948 нафар ба итмом расида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол карда шуд.
Ба иттилои Сулаймон Султонзода, соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 миллион сомониро барқарор намуд. 384 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ворид гардида, 115,8 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад






