НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 2410 омӯзгори ғайриихтисоси фаннӣ фаъолият менамоянд

Февраль 7, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни аттестатсияи давлатӣ муайян намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ теъдоди омӯзгороне, ки ғайриихтисоси фаннӣ фаъолият мекунанд, 2410 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори ин ниҳод Муҳаммадтоир Саидзода иттилоъ дод.

«Ҳамчунин муайян гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 4818 соати таълимии вакант ё 216,5 воҳиди корӣ ҷойи холӣ мавҷуд аст. Инчунин таъдоди омӯзгороне, ки ғайриихтисос ба омӯзгорӣ машғуланд, 340 нафар ва теъдоди донишҷӯёне, ки ба ҳайси омӯзгор ҷалб гардидаанд, 700 нафарро ташкил медиҳад. Аз натиҷаи аттестатсияи давлатии дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида бармеояд, ки то ҳанӯз норасоии кардӣ бо теъдоди 3479 нафар боқӣ мондааст», — афзуд Муҳаммадтоир Саидзода.

Соли 2024 тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи давлатии 1156 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 142 муассисаи томактабӣ, 22 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 32 мактаби санъат, 2 мактаби мусиқӣ, 37 мактаби варзишӣ, 2 мактаби рассомӣ, 12 мактаби рушди истеъдодҳо, 9 маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 862 муассисаи таҳсилоти умумӣ, инчунин 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, илмӣ ва илмӣ-техникӣ гузаронида шуд.

Муҳаммадтоир Саидзода афзуд, ки аз шумораи умумии 1156 муассисаи таълимӣ, илмӣ ва илмӣ-техникии аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида 83 муассиса бинобар сабаби пурра мутобиқ накардан ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузашта ҳисобида шуда, ба онҳо иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд ва баъди ду сол аз аттестатсияи такрорӣ гузаштани онҳо муайян гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 аз ҷониби сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ тибқи дархости муассисон фаъолияти таълимӣ, яъне кӯдакистони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парвози тобон» дар шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишафзо» дар ноҳияи Дӯстӣ қатъ карда шуд.

Инчунин ба 7 муассисаи таълимие, ки бе иҷозатнома дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолияти таълимӣ пеш мебаранд, аз ҷониби Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома дода шуда, фаъолияти минбаъдаи онҳо қатъ гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд