НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 79 синфхона ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ сохта шуд
РӮДАКӢ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 182,0 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 17,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 21 миллиону 223 ҳазор сомонӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ анҷом дода шуданд.
«Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ 164 синфхона бо 4100 ҷойи нишаст ба маблағи 20 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 79 синфхона бо 1025 ҷойи нишаст ба маблағи 7 миллиону 93 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолии ноҳия сохта шудааст»,-изҳор намуд Абдуғаффор Ҳикматуллозода.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






