НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз шаҳри Турсунзода ба хориҷи мамлакат беш аз 18 ҳазор тонна ангур содирот шуд

Февраль 10, 2025 15:29

ТУРСУНЗОДА, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба як миллиарду 830 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023 708,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 96 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Содироти маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода асосан аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ШАТ», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «АлюминПроф» ва «Сардор-2008» мебошад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 24 ҳазор тонна ангур содирот шуд, ки 18 ҳазору 700 тоннаи он аз шаҳри Турсунзода мебошад. Кишоварзони шаҳри Турсунзода соли 2024 бо усулҳои наву замонавӣ мавиз истеҳсол карданд, ки дар натиҷа ба мамлакатҳои хориҷӣ 1200 тонна мавизи хушсифат содирот шуд.

Кишоварзони шаҳри Турсунзода соли 2024 78 ҳазору 564 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 12 ҳазору 518 тонна картошка, 156 ҳазору 768 тонна сабзавот, 857 тонна пахта, 797 тонна зағер, 23 ҳазору 814 тонна маҳсулоти полезӣ, 5962 тонна меваҷот, 46 ҳазору 826 тонна ангур, 31 ҳазор тонна шолӣ, 28,5 тонна моҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки заминҳо соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи умумии ду миллиарду 469,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2023 430,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 459 иншооти таъйиноти гуногун бунёду барқарор карда мешавад. Давоми соли 2022-2024 266 иншоот ба маблағи 281,7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 10 иншооти саноатӣ, 45 иншоот дар соҳаи маориф, 23 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 16 иншооти варзишӣ, 48 маркази хизматрасонӣ ва савдо, 6 пул ва 6 сардхонаю гармхона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 52 мавзеъ роҳҳо мумфарш ва бетонпӯш карда шуда, 7 мавзеъ бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Дар 160 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад