Оид ба робитаи илм бо истеҳсолот ва технологияҳои коркардшуда машварати илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» машварати илмии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар машварат технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегия барои солҳои 2021-2024 коркард ва барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд, муаррифӣ шуданд.
Дар идомаи кори машварат ҳамчунин 12 технологияи коркардшуда ва 6 лоиҳаи инноватсионии татбиқнамудаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин 2 технологияи коркарду татбиқнамудаи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» коркарду татбиқ шудаанд, рунамоӣ гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






