ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2024 баргузор мегардад
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2024/07/dastai-muntahabi-olimpii-Tochikiston-3.jpg)
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал, соати 14:00 дар шаҳри Душанбе 46 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2024 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Ҳамзамон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин воситаи ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» эълон намуд, ки беҳтаринҳо муайян шуданд ва дар ин маросими ҷоизасупорӣ қадрдонӣ мегарданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст. Тадбирҳои андешида дар самти тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзишанд, ки соли 2024 11 026 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шуданд. Инҳо 127 варзишгоҳ, 7 662 майдончаи варзишӣ, 2273 толори варзишӣ, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маҷмааю маркази солимгардонӣ, бошгоҳи варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.
Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, варзишгарони тоҷик имрӯз дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, 14 варзишгари номвари тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 иштирок намуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуданд. Дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустию тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.
Ба шарафи истиқлоли давлатӣ ба бозии миллии тоҷикӣ- гӯштингирӣ мақоми байналмилалӣ дода шуда, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 28-31 августи соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа қаҳрамонӣ нишон дода, 11 медал (5 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузоштанд.
Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.
Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис шудааст.
Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Танҳо соли 2024 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид намуданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1126 нафар варзишгарон, аз ҷумла 354 нафар занону духтарони аъзои дастаҳои мунтахаб аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ ҷалб гардиданд.
Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгаронамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 448 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуд. Ҳамчунин ба хотири дастоварди онҳо 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»