«PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 январ то 2 феврали соли равон имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart 2025» дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ гӯшаи сайёҳӣ вобаста ба муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардида, таомҳои миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ пешниҳод шуданд.
Дар доираи намоишгоҳ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ барои ояндаи устувор» форум доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сухан гуфт.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва мероси қадимии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Зулфиқор Алӣ Шаҳ вохӯрӣ ва масъалаи ҷалби сайёҳон ба ҳарду давлатро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин бо мақсади муаррифии бештари маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби ҷаҳонгардон байни ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои покистонӣ вохӯрӣ доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 250 ҳазор нафар аз 45 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






