«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём-роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои шоиста» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии мамлакат таъкид гардида, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд.
«Нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои сохтор, кормандони соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳим буда, таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт моро водор месозад, ки нисбат ба рушди соҳа масъулияти бештар зоҳир намоем»,- иброз дошт Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар самти иқтисоди миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи меҳварӣ дошт. Ин нишони он аст, ки Сарвари давлат ба баҳрабардорӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






