«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар мавзуи «Паём — роҳнамои фардои дурахшони миллат» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 ба масъалаи иҷтимоии тарбия, нақшу мақоми инсон, донишҷӯ, омӯзгор, падару модар ва дигарон дар ҷомеа аҳамияти бештар дода шудааст. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мутахассисони варзида омода намоем, то дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир бошанд».
Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 — 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Доир ба ин зарур аст, ки ба илмҳои техникӣ ва технологияи инноватсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Дар ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва рушди устувори соҳаи маориф мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд






