Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд

Февраль 18, 2025 20:35

ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар оғози суҳбат паёму дуруди самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён расонида шуд.

Зимнан мусоҳибон аз рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон, ки пас аз сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон хеле ривоҷ ёфтааст, ёдовар шуданд.

Дар идома кӯшишҳои босамари ниҳодҳои ду ҷониб баҳри татбиқи созишномаҳои нави ҳамкорӣ таъкид гардида, муносибатҳои неки фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ омили муҳими тавсеаи ҳамкории  зич дар ҳама самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ  барои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун авлавият боқӣ мемонад.


Бо такя ба зарфияти мавҷуда барои ноил гардидан ба тавофуқоти қаблӣ дар мавриди ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми табодули мол байни ду  кишвар изҳори умеду боварӣ карда шуд.

Таъмини рафтуомади бе раводид байни Тоҷикистону Эрон, сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, нақлиёт ва ғайра аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими суҳбат буд.

Бо итминон таъкид шуд, ки дар партави раҳнамоиҳои сарони ҳарду давлат ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз имрӯза дида бештар густариш меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2025 20:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид