Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар шаҳри Теҳрон ба гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташриф овард

Февраль 11, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» ки имрӯз, 11 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён вобаста ба эҳтироми хосса доштанаш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун туҳфаи хотиравӣ ҷома ва тоқии тоҷикӣ тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ то 14 феврали соли равон идома ёфта, дар ҳошияи он вохӯриҳои дуҷониба барои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва зиёд намудани шумораи сайёҳон доир мегарданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид