Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»

Февраль 19, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба зодрӯзи табиби машҳури ҷаҳон, шоир, файласуф, табиатшинос, олими бузурги тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) 1045 сол пур мегардад. Нақши барҷастае, ки Абӯали ибни Сино дар таърихи миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Бо шарофати осори абадзиндаи худ ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят месозад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо менамояд.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «Абӯалӣ ибни Сино нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуфи закӣ, шоир ва табиби мумтозе аст, ки то ҳанӯз олами илмро бо бузургии донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, дар Бухорои шариф- сарзамини аҷдодии тоҷикон ба дунё омадааст. Абӯалӣ ибни Сино дар бисёр соҳаҳои илмҳои замонаш то ба ҷое расидааст, ки ба унвонҳои гуногуни олии Шайхурраис, Раисулуқало (сардори оқилон) Ҳуҷҷатулҳақ, (исботкунандаи ҳақ) ва устод, муаллим сазовор гардидааст. Аз тарҷумаи ҳоле, ки худи ӯ навиштааст, бармеояд, ки модараш- Ситорабону тоҷики бухороӣ ва падараш- Абдулло аз тоҷикони Балх будаанд.

Бояд гуфт, ки Сино шахсияти нотакроре аст, ки дар замонаш ба ҳама посухҳо ба ҷуз аз марг ҷавоб гуфта метавонист. Ин аст, ки давоми зиёда аз 1000 сол мо, тоҷикон ва дигар олимон ба ному нангу илму дониши ӯ ифтихору эҳтиром мегузорем. То ҳанӯз шеъри ҳазорсолаи Сино самимияту кайфияти худро гум накардааст. Сино устоди забон низ ҳаст, ки аввалин китоби дарсии фонетикаро навиштааст.

Академик Мусо Диноршоев нигоштааст, ки «хизмати Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи маърифати инсонӣ фақат аз он иборат нест, ки ӯ бо ҷиддияти хос ташхиси илмӣ, назарияи пешгирии касалӣ ва табобати онро ба вуҷуд овардааст, балки саҳми ӯ дар он кашфиёту он идеяҳое мебошад, ки ояндаи илми тибро пешгӯӣ мекарданд».

Воқеан, хизматҳои Абӯалӣ ибни Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ, минҷумла дар илми тиб ва фалсафа низ хеле бузург аст.

Ӯ мавзуи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст. Якум, мавзуе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғайра. Дуввум, мавзуъ — ҳикмати амалӣ аст, чунки дар ҷомеа сиёсат ва ахлоқ чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян менамоянд.

Танҳо асарҳои ба илми тиб бахшидаи ин мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки аксари асарҳои тиббии ӯ, ба ғайр аз «Рисолаи набз» бо забони арабӣ таълиф шудаанд. Рисолаи набзи ӯ бо забони модариашон иншо гардидааст, ки бисёриҳо намедонанд.

Муҳаммад Абдураҳмон афзуд, ки аз 276 китоби калону хурде, ки Абӯалӣ ибни Сино таълиф намудааст, 182-тоаш ба масъалаҳои фалсафа ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Машҳуртарин китобҳои фалсафии ӯ «Китоб-уш Шифо», «Китоби Наҷот», «Ишорат» ва «Донишнома» мебошанд. Сино «Донишнома-ро ба забони модариаш таълиф намудааст, ки он аввалин асари фалсафии бо забони тоҷикӣ-форсӣ таълифёфта ба шумор меравад.

Ақидаҳои тиббии Сино дар ташаккулу инкишофи донишу истеъдоди назарӣ ва амалии бисёр олимону фозилон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳатто давоми асрҳои зиёд байни олимони тиб ва файласуфон баҳсу мунозираҳои зиёди илмӣ ба вуҷуд овардаанд. Нисбат ба бузургию донишмандии ин ҳакими хирадманд на танҳо китобу мақолаҳои зиёд, балки бештари бузургону олимони дунё суханони неку воломақом навиштаанд.

Тарафи дигари бузургии таълимоти Сино аз он иборат аст, ки ӯ бештар ба илмҳои табиӣ ва дақиқ такя намуда, ақидаҳои таълиму тарбиявии худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар китоби «Қонуни тиб» ин мутафаккири борикбин баъзе ченакҳои илми варзишро бо қонунҳои асосии илми тиб мувофиқа намуда, тарбияи баданро ҳамчун илме, ки сиҳатӣ ва саломатии инсонро муҳофизат менамояд, муаррифӣ менамояд.

Ӯ вобаста ба ин дар «Уруҷуза фи-т-тиб» менависад: «Тиб асосан ҳомии саломатӣ аст. Вай касалро аз рӯи нишондодҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад».

«Бузургтарин асари Сино «Қонуни тиб», ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошад, ӯро машҳури дунё гардонид, ки соли 1020 онро ба итмом расонидааст. «Қонуни тиб» бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар аср XII ба забони лотинӣ баргардонида шудааст. Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бемисл бо нашрҳои ҷудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъд аз ин «Қонуни тиб» зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.

Ҳамин тавр, Абуалӣ ибни Сино файласуф, донишманд ва равшангари розҳои ниҳонии илми тоҷик буда, сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону мегӯем, ки ӯ Синои бузургро ба мо ва дунё тақдим намуд»,-гуфт Муҳаммад Абдураҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар шароити тағйирёбии иқлим криосфераро аз таъсиррасонии гуногун бояд ҳифз намуд
Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд