Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Корея- шаҳри Сеул маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Корея баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи ин санад аз таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, рушди лоиҳаҳои муштарак, дастрасии мутақобил ба захираҳои китобхонагӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию илмӣ байни ду давлат иборат мебошад.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо дар татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, ташкили намоишгоҳҳо, чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва рақамисозии маводи китобхонагӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Имзои Ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар роҳи тақвияти робитаҳои фарҳангию илмӣ байни Тоҷикистон ва Корея арзёбӣ шуда, барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Корея «Гӯшаи фарҳангии Корея» таъсис дода шудааст. Ин гӯша аввалин маротиба соли 2013, дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Фонди Институти Подшоҳии Сеҷонг дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд. Созишномаи ҳамкорӣ ба муддати панҷ сол амал мекард.
Баъдан, соли 2019, дар ҷараёни сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон Ёддошти нави тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Корея ба имзо расид. Дар асоси ин созишнома гӯшаи Корея навсозӣ гардида, то имрӯз фаъолият дорад.
Дар «Гӯшаи фарҳангии Корея» на танҳо хонандагони тоҷик, балки меҳмонони хориҷӣ низ бо фарҳанги мардуми Корея шинос мегарданд.
АКС: Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






