ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст
ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Истаравшан аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, аз давраҳои пеш ҳамчун шаҳри ҳунармандон маъруф аст. Дар ин шаҳр беш аз 160 номгӯй ҳунару ҳунармандӣ ва беш аз 150 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст.
Ҳунармандони шаҳри Истаравшан аслан ба кордсозӣ, наққошӣ, кандакорӣ, шонасозӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва чармгарӣ машғул мебошанд. Ҳунари онҳо на танҳо рамзи фарҳанги миллӣ, балки маҳсули заҳмату маҳорати чандинҳазорсолаи ниёгон ва пайвандгари фарҳанги миллати тоҷик бо дигар давлатҳо мебошад. Ин ҳунарҳо, ки дар гузарҳои бостонии шаҳр ҳифз шудаанд, имрӯз ҳамчун мероси маънавии миллӣ ва арзиши ҷаҳонӣ шинохта мешаванд.
Ҳамин аст, ки имрӯз сайёҳон ба шаҳри Истаравшан таваҷҷуҳи хоса доранд, зеро ин шаҳр ҳамчун макони таърихӣ ва фарҳангии бой бо мероси фарҳангии нодир ва ҳунарҳои мардумӣ маъруф аст.
Манзараҳои зебо ва муҳити таърихии ин шаҳр бо ҳавои тоза ва манзараҳои кӯҳӣ ба сайёҳон фазои фароғатӣ ва руҳияи баланд мебахшад.
Сокинони шаҳр асосан ба ҳунари наққошӣ, кундалкашӣ, кандакорӣ, сохтани армуғонҳо аз чӯб, созтарошӣ, сандуқсозӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, шонасозӣ, аъҷубасозӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, читгарӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ машғул буда, давоми садсолаҳо аҳолии маркази шаҳр асосан бо ҳунармандӣ ном баровардаанд. Аз ин лиҳоз маркази шаҳри Истаравшан ба гузарҳо тақсим гардида, ҳар гузар бо номи ҳунаре пайванд аст, ба амсоли чармгарон, собунгарон, кордгарон, мехчагарон, саллабофон ва дигарҳо. Ҳифз, эҳё ва нигаҳдошти ҳунарҳои суннатии халқи тоҷик дар ин минтақа сабаби он гардидааст, ки сайёҳон ба Истаравшан зиёд оянд.
Ба андешаи ҳунармандони шаҳри Истаравшан, аксари сайёҳоне, ки ба ин шаҳр сафар мекунанд, ба ҳунари онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ҷараёни кори онҳо шинос мегарданд.
Ҳамин тавр, Истаравшан барои сайёҳон макони фарогирест, ки таърих, фарҳанг ва ҳунар пешкаш мекунад ва ин ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат менамояд.
Истаравшан дорои беш аз 150 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла мақбараҳои қадим, маҷмааҳои меъморӣ ва дигар осори нодир аст, ки барои дӯстдорони таърих ва фарҳанг ҷолибият доранд. Мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ, Боботағои Валӣ, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ Чор Гумбаз, Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаи ҳунари сокинони шаҳри Истаравшан, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ки наҷҷорони Истаравшан бештар бо таъмиру барқарорсозии манзилҳо, сохтмонҳои хурд ва ё ҳунарҳои марбут ба коркарди чӯб ва дигар масолеҳи бинокорӣ маъруф мебошанд. Онҳо на танҳо ҳамчун сохтмончӣ, балки чун ҳунармандоне, ки бо техникаҳои анъанавӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, шинохта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2024 ноиби Котиби генералии Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, масъули минтақаи Осиёи Ҷанубӣ (Шри-Ланка) Сампат Эрахапола ба Тоҷикистон омада, дар шаҳри Истаравшан бо маҳсули дасти ҳунармандон шинос шуд.
Сампат Эрахапола пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои қадимии ҳунармандони шаҳр иброз дошт, ки барои эътирофи Истаравшан ба сифати шаҳри ҳунармандӣ дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад.
Моҳи октябри ҳамон сол (2024) Истаравшан аз ҷониби Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ эътироф гардида, ба узвияти ин Шуро пазируфта шуд.
Эътироф гардидани Истаравшан ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ дар арсаи байналмилалӣ баёнгари эътибори баланди фарҳангию таърихии тоҷикон буда, моро ба ҳифзи ин ганҷинаҳои нодир ва муаррифии онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ водор месозад.
Яке аз роҳҳои дигари ҷалби сайёҳон ба минтақа- ин баргузории фестивалу намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина соли 2024 дар шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» доир гардид. Дар он беш аз 250 ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Булғористон, Швейтсария, Сингапур, Таиланд, Малайзия, Австралия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки як замон таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои қадимӣ кам гардида буд. Баъди соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси грантҳои давлатӣ, бунёди бинои таълимии «Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Истаравшан, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳёю рушд ёфт. Ҳоло баргузории намоишҳои ҳунармандӣ ва пешниҳоди садҳо намунаи маҳсули ҳунару маҳорат дар саросари мамлакат бозгӯи ҳунари асили тоҷикон мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд






