Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо намояндагони Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ аз пешрафту тараққиёти босуръати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо кишвари дӯсту бародари Покистон ёдовар шуда, иштирокдоронро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон ва рафтору кирдори писандида даъват намуд.
Ҳамзамон оид ба таъриху тамаддуни бостонӣ, ҳифзи анъана ва забон, фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои марбут ба таъриху фарҳанги муштараки ду давлати бародар табодули афкор анҷом дода шуд. Зимнан меҳмонон гӯшаи фарҳангӣ ва китобхонаи сафоратро тамошо намуданд.
Бо фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки Иттиҳоди тоҷикони Покистон минбаъд ҳам чун омили муҳим дар таҳкими густариши робитаҳои дӯстӣ, стратегӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо Покистон саҳми намоёну пурарзиш мегузорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






