Соли 2024 кишоварзони ноҳияи Нуробод ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 405,8 миллион сомонӣ расониданд

Февраль 18, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 кишоварзони ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 405 миллиону 803 ҳазор сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 26 миллиону 371 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Соли 2024 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Нуробод 47 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия дар маҷмуъ бунёди 257 иншоот ба нақша гирифта шуда, 178 иншоот ё 69,3% ба маблағи умумии 121 миллиону 389 ҳазору 850 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони ноҳия дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд, аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 228 миллиону 874 ҳазор сомонӣ (8,8 %) ва чорводорӣ 176 миллиону 929 ҳазор сомонӣ (4,7%) таъмин гардид.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани рафтуомади бехатари нақлиёт 156,04 км роҳу пулҳо ба маблағи 264 ҳазору 519 сомонӣ таъмиру барқарор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Февраль 18, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид