ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 19, 2025 08:00

19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин мамлакат дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.

***

19 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба намуд.

***

19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

19 феврали соли 2020 дар Душанбе доир ба содагардонии расмиёти савдо Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид.

***

19 феврали соли 2021 дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

19 ФЕВРАЛ:

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти обӣ.

***

Дар Арманистон Рӯзи ҳадяи китоб.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тӯхта  Иброҳимова – сароянда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Февраль 19, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, якшанбе, 291-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, шанбе, 290-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 288-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст