ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, чоршанбе, 36-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 5, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1850 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арифмометр ихтироъ шуд.

***

Соли 1919 дар Олмон  байни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб шуд.

***

5 феврали соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротию террористии «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон)  ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн- Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи таслият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

***

5 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони якчанд давлат ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид доир гардиданд.

***

5 феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба мамлакати мо ташриф оварда буд, мулоқот намуданд. Зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

5  ФЕВРАЛ:

Дар Мексика – Рӯзи Конститутсия.

Февраль 5, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш