ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, панҷшанбе, 37-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 6, 2025 08:00

6 феврали соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид.

***

6 феврали соли 2012 дар ҳама муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боздошта шуданд.

***

6 феврали соли 2012  дар таваллудхонаи шаҳрии №3 — и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.

***

6 феврали  соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

6 феврали соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.

***

Соли 2019 дар Душанбе таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд баргузор гардид.

***

6 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расид.

***

6 феврали соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 беш аз 700 ҳазор сокинони иёлоти Калифорнияи ИМА бо сабаби боду боронҳои шадид бе барқу гармӣ монданд.

6 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).

***

Рӯзи дасткашӣ аз телефони мобилӣ.

Февраль 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш