Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар Душанбе корхонаи муштараки саноатӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон «Кварс» Акмалҷон Бӯриев баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории «Кварс» бо фаъолияти корӣ ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз як корхонаи пуриқтидори саноатӣ таъсис гардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид






