ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд

Февраль 21, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» соли 2024 аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 73 ҳазору 258 нафар бо ҷойи кори доимӣ (занон – 36 ҳазору 634 нафар) таъмин шуда, 86 ҳазору 532 нафар (занон – 15 ҳазору 783 нафар) ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Мафҳуми шуғли пурмаҳсул ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, сатҳи муносиби музди меҳнат, дастрасии васеъ ба таъминоти иҷтимоӣ, инчунин шароити бехатари меҳнат марбут буда, масъалаи алоқаманд ба рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ҳамчун омили муҳиму самаранок дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат ҳисобида мешавад. Ин нишони он аст, ки шуғли пурмаҳсул ва меҳнати арзанда ҷузъҳои ҷудонопазир ҳастанд.

Озодии меҳнат ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат бояд ба шаҳрвандон дар самти кор ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ кафолатҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд.

Тибқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақалли музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Мувофиқи моддаи 5 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас, аз ҷумла занон ҳуқуқ доранд бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намоянд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳанд, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунанд, касб ва самти фаъолиятро интихоб намоянд.

Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба тасвиб расида, дар маҷмуъ 336 их­тисосро дар бар мегирифт.

Соли 2023 бо назардошти беҳтар гардидани шароити меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар натиҷаи вусъатёбии автоматикунонии ҷараёни истеҳсолот ва беҳтар намудани шароити меҳнат бо мақсади васеъ намудани дастрасии занон ба касбҳои дахлдор ва баланд бардоштани даромаднокӣ ин қарор таҷдиди назар гардид. Дар ин замина қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯйхати корҳои манъшуда барои занон ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки бо даст бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» аз 30 декабри соли 2023 ба тасвиб расид. Дар он шумораи касбҳои мамнуъ то 194 адад дар 22 соҳаи иқтисодиёт коҳиш ёфт. 336 намуди касбҳои манъшуда барои занон 142 адад кам карда шуд.

Тибқи банди 3- ин қарор Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки якҷо барои минбаъд низ кам кардани ин Рӯйхат тадбирҳои дахлдор андешад.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ оид ба ин масъала иброз дошт, ки мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосиру рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 баён гардид, ки «ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Бо назардошти навъи кор ва имконияти ҷисмонии занҳо дар байни маоши занон ва мардон то ҳол фарқият вуҷуд дорад. Занон одатан дар бахшҳое, чун маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳукумат ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

«Дар соҳаҳои сохтмону истихроҷ, металлургия, корҳои кӯҳӣ, пармакунии чоҳҳо, коркарди нафт, газ, ангишт, коркарди санг, роҳи оҳан, авиатсия, ки маошашон баланд аст, ҳиссаи мардон бартарӣ дорад. Вобаста ба ин, дар байни музди миёнаи меҳнати занон дар муқоиса бо мардон номутаносибӣ ё нобаробарӣ ҷой дорад»,-гуфт Шаҳноза Нодирӣ.

Омӯзиши таҳқиқоти гузаронидаи ташкилоти байналмилалӣ ва дигар давлатҳо дар ин самт аз он дарак медиҳад, ки феълан танҳо дар 4 давлати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (аз 15 ҷумҳурӣ): Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон «Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» амал менамояд.

Аксари олимон ба хулосае омадаанд, ки ихтисор кардани Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад, тамоюли мусбат аст.

Ин ба амалӣ гардонидани принсипи баробарӣ дар меҳнат ва кам кардани дахолат ба ҳуқуқҳои конститусионӣ вобаста аст. Аммо дар мавриди ихтисор кардан ҳифзи саломатии зан-модарро ҳаргиз фаромӯш кардан лозим нест. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани Рӯйхат дар шароити имрӯза имконнопазир аст. Барои ҳифзи модару кӯдак бояд маҳдудияти муайян вуҷуд дошта бошад.

Барои иҷрои талаботи ин қарор Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) барои кам кардани ин рӯйхат таъсис дода шуд. Дар таҳияи лоиҳаи нав намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ саҳм доштанд.

Дар лоиҳаи қарор бо назардошти беҳтар гардидани шароити меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар натиҷаи рушди автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолот ва беҳтар намудани шароити меҳнат бо мақсади васеъ намудани дастрасии занон ба касбҳои дахлдор ва баланд бардоштани даромаднокӣ аз нав дида баромада, аз 194 намуди фаъолияте, ки дар онҳо меҳнати занон маҳдуд аст, дар лоиҳаи нав аз соҳаҳои коркарди филиз, корҳои сохтмонӣ, васлгарӣ ва таъмир, корҳои кӯҳӣ, пармакунии чоҳҳо, истихроҷи нафт ва газ, филизгудозии сиёҳ ва ранга, истеҳсоли кимиёӣ, коркарди нафт, газ, варақсанг ва ангишт, коркарди маҳсулоти нафтии синтетикӣ, равғанҳо ва чарбҳои нафтӣ, коркарди санг ва истеҳсоли молҳои рехтагарии санг, истеҳсоли молҳои оҳану бетонӣ ва сохтаҳо, саноати бофандагӣ ва сабук, саноати хӯрокворӣ, нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ, ҳавопаймои гражданӣ, кишоварзӣ ва корҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт иҷро мешаванд, 98 намуди кор хориҷ гардида, дар лоиҳаи нав рӯйхати 97 номгӯй корҳо боқӣ мемонад.

Ба андешаи Шаҳноза Нодирӣ, ихтисор кардани ин рӯйхат тамоюли мусбат дошта, ба баланд бардоштани музди меҳнати занон ва баланд гардидани некуаҳволии занон равона мегардад.

Дар лоиҳаи қарор бо назардошти беҳтар гардидани шароити меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар натиҷа 98 намуди корҳо аз рӯйхат хориҷ карда шуда, 97 намуди корҳо дар лоиҳа боқӣ монд.

Ин лоиҳа бо назардошти меъёрҳои байналмилалии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо, «Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон барои солҳои 2025 – 2032» таҳия гардидааст.

Лоиҳа бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ мувофиқа гардида, моҳҳои наздик ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Ба андешаи Шаҳноза Нодирӣ, занон бояд им­кони интихоби касбро ба таври баробар бо мар­дон дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 аз шумораи умумии 365 ҳазору 270 нафар субъектҳои хоҷагидор 107 ҳазору 668 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18 ҳазору 94 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 18 ҳазору 24 нафар тибқи патент, 14 ҳазору 682 нафар тибқи шаҳодатнома ва 20 ҳазору 917 нафар занон тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияти соҳибкорӣ менамоянд.

Аз шумораи умумии 179 ҳазору 858 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ52 ҳазору 46 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2023 13 ҳазору 39 нафар зиёд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 21, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон низоми электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
ГУРДОФАРИДОНИ ВАТАН. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 1000 нафар занону духтарон хизмат менамоянд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ». Дар Хатлон ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ доир гардид
«EDONISH». Тавассути ин барнома ба хонандагон зиёда аз 27 миллион баҳо гузошта шуд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад