164 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли равон 164 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд. Дар онҳо сатҳи дониши 21 ҳазору 123 хонанда мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Бо мақсади омодасозии хонандагон ба таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон бо назардошти имконияти мавҷудаи заминаи моддӣ — техникӣ танҳо бо намояндагии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барои таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 интихоб гардида, муаррифи сатҳу сифати таҳсил ва дараҷаи азхудкунии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегарданд.
Вобаста ба ин таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимие, ки барои иштирок дар озмоиш интихоб гаштаанд, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо истифода аз рӯзҳои таътил бо хонандагони синни 15-16-сола, ки иштирокчии барнома арзёбӣ мегарданд, корҳои фаҳмондадиҳию маълумотдиҳиро зиёдтар намуда, фаъолият дар самт тақвият бахшида шавад.


Таҳқиқоти асосии PISA бо иштироки хонандагони синни 15-16-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гашта, иштирокчӣ, яъне хонанда ба тариқи худкор (автоматӣ) тавассути технологияи иттилоотӣ интихоб карда мешавад. Яъне хонанда ба тариқи автоматӣ тавассути барномаи махсус интихоб карда мешавад. Натиҷаи фаъолият ва донишандӯзии хонандагон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, сатҳу сифати донишу малака ва дараҷаи азхудкунии онҳо бо назардошти махсусияти миллӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳамчунин ба тариқи худкор (автоматӣ) арзёбӣ ё натиҷагирӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади маълумот додан дар бораи Озмоиши воситаи арзёбии PISA ва тарзи баргузории он шуруъ аз моҳи майи соли 2024 то моҳи феврали соли 2025 барои директорон ва омӯзгорони фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои иттилоърасонӣ, омӯзишӣ ва омодагӣ аз ҷониби сарпарастони Барномаи байналмилалии арёбии хонандагон (PISA) 2025 ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуданд.
Мавриди таъкид аст, ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ намунаи саволномаҳои PISA ва диск, ки он саводи хонанда, математика, химия, физика ва биологияро дар бар мегирад, дастрас карда шудааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






