Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи Янтайи Чин густариш меёбад

Март 29, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Панҷ самти муҳими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи Янтайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вохӯрии ҷонибҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фатҳулло Ҷабборов дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо президенти Донишгоҳи Янтайи Ҷумҳурии Мардумии Чин профессор Ҳао Шунуанг, ноиби президент оид ба сиёсати академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Ванг Ҳонгбо ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ин муассиса вохӯрӣ намуд.

Ташкили табодули академии донишҷӯёни ҷонибҳо дар оғози соли таҳсили 2024-2025, тақвияти ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, амалисозии барномаҳои таҳсилотии муштарак, баргузор намудани конфронси илмию амалии байналмилалии муштараки донишгоҳҳо дар соли 2025, даъвати профессорони ҷонибҳо дар доираи барномаи «International Guest Lecture» аз самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳамкорӣ ҳамкорӣ намоянд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 29, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид