Ба ифтихори Наврӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон базми идона доир шуд
ЁВОН, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳия дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон базми идона доир карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ятимону бепарасторон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, ҳамеша таҳти ғамхорӣ қарор доранд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «ман ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторонро, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, танҳо намегузорам».
Меҳмонон бо маҳсули даст ва ҳунари зебои таълимгирандагон, сифати таълим ва шароити буду боши онҳо шинос шуданд.
Барои болидаруҳии ятимони ин даргоҳ барномаи ҷолиби фарҳангии наврӯзӣ пешниҳод карда шуд.
Дар айни замон дар ин муассиса 169 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда ва ба таври доимӣ аз дастгирию ғамхориҳои доимии давлат бархӯрдор мебошанд.
Хонандагони ин муассиса ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Онҳо дар ин даргоҳи илму адаб донишҳои муосирро азхуд карда, дар ободию шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






