Ба ифтихори Рӯзи Модар иқдоми ҷумҳуриявии «Модар-чашмаи меҳр» идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Модар-чашмаи меҳр»- таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ идома дорад. Дар доираи он намояндагони кумита ба дидани якчанд нафар собиқадорон ва занони арсаи сиёсат рафта, ҳамчун нишони эҳтиром ба онҳо гулу либоси миллии чакан ҳадя менамоянд.
Мақсад аз тақдими либоси миллии чакан ба занон муаррифии фарҳанги миллат буда, эҳтиром ба либоси миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар мамлакат аст. Арзиши воло доштани либоси миллии мо дар он зоҳир мегардад, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи меросии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардид. Арзиши атласу адрас низ, ки давоми таърих вижагию унсурҳои худро нигоҳ доштааст, аз ин кам нест.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону модарони тоҷик чунин иброз намудаанд: «Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шукуфо буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар мамлакати зебою офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад».
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»






