Ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Март 28, 2025 11:19

ҲИСОР, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода толори варзишӣ  ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Толори варзишӣ, ки бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, аз ду майдончаи футбол барои писарон ва духтарон иборат буда, дар як вақт чор даста метавонанд бо ҳам бозӣ намоянд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва раиси шаҳр бо ҳайати дастаҳои писарона ва духтарона, ки дар толор саф ороста буданд, суҳбат карда, онҳоро ба варзиш ва пеш бурдани ҳаёти солим даъват намуданд.

Ҳамчунин бо соядаст ба ҳар бозингар тӯби варзишӣ туҳфа карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои ҳимматбаландӣ ва иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 28, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад