Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари Тоҷикистон беш аз ҳазор чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 март то 5 апрел дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 1077 чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низом иттилоъ дод, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие мебошанд, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, таҷлили онҳоро ниёгони мо — ориёиҳо бунёд гузоштаанд.
Бо назардошти аҳамияти махсуси Ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати омодагӣ ва таҷлили сазовори он «Консепсияи Наврӯзи деҳот» ва «Тақвими баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз»-ро таҳия намуда, онро мавриди амал қарор додааст.
Мутобиқи «Тақвими баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз» аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор мегарданд. Инчунин намоишҳои театрикунонида ва таърихию асотирӣ, мусобиқаҳои фарҳангию варзишӣ, зеҳнӣ, саёҳати мавзеъҳои таърихӣ, намоиши суннатҳои наврӯзӣ бо оростани хони наврӯзӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон барои ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои фарҳангӣ бо аҳли зиё — адибон, олимон, ҳунармандон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






