Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Хатлон китоби «Қадами файзбор» ба табъ расид

Март 11, 2025 13:22

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Қадами файзбор» бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз идораи Рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд.

 Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар сарсухани китоб навиштааст, ки «…соли 2024 барои аҳли заҳмати вилояти Хатлон пурбаракат ва бобарор маҳсуб мешавад. Зеро бо шарофати қадами мубораки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давоми сол бо таваҷҷуҳи хос 5 маротиба ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки шахсии Президенти Тоҷикистон 62 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Илова бар ин дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб сад биною иншооти дигар бо назардошти зиёда аз ҳазор ҷойи нави кор ба истифода дода шуд».

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, дар умум зиёда аз 3,5 ҳазор биною иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо соли 2024 дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъйиноти гуногун ба истифодаи умум супорида шуд.

«Сокинони вилояти Хатлон бо ному фаъолияти шоистаи таҳсини Пешвои миллат ҳамеша ифтихор менамоянд, ҳар иқдому ташаббус, дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои беназирашонро дар масири бузурги давлатсозию давлатдорӣ пуштибонӣ намуда, муҳаббату самимияти худро бо меҳнати содиқона барои рушду нумӯи диёр изҳор менамоянд», — омадааст дар пешгуфтори китоб.

Воқеан, ҳар сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон файзу баракат, фаровонию нусрат ва саодату шукуфоиро афзун намуда, азму суботи бунёдкоронаи мардуми шарифи вилоятро дар самти татбиқи ташаббусҳои ояндасоз таҳким мебахшад ва онҳоро ба фардои дурахшони ватани азизамон мутмаин месозад.

Китоби «Қадами файзбор» инъикосгари сафарҳои бобарору хотирмони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон буда, ба публитсистон, таърихнигорон, муҳаққиқон, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми алоқамандони мутолиа манзур гардидааст.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Март 11, 2025 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд