Байни «Саноатсодиротбонк» ва Клуби футболи «Истиқлол» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 5, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва Клуби футболи «Истиқлол»  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, созишномаи ҳамкорӣ бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк Шуҳрат Муҳиддинзода ва директори генералии Клуби футболи «Истиқлол»  Шаҳзод Сулаймонов ба имзо расид.

Тибқи бандҳои созишнома, тамғаи молии «Саноатсодиротбонк» аз ин ба баъд дар ҳамаи бозиҳои даста, инчунин дар ҳаёти иҷтимоии клуб ва намолавҳаҳои атрофи майдони варзишгоҳ ва воситаҳои таблиғотии Клуби футболи «Истиқлол» васеъ инъикос мегардад.

Директори генералии Клуби футболи «Истиқлол»  Шаҳзод Сулаймонов иброз намуд, ки «шарикӣ бо ин бонк қадами ҷиддӣ ба пеш барои рушди ин клуби футбол аст. Ман боварӣ дорам, ки мо якҷоя барои муаррифии футболи мамлакат дар майдонҳои дохилӣ ва хориҷи Тоҷикистон ба муваффақияти назаррас ноил мегардем».

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Март 5, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад