Чин Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик намуд

Март 14, 2025 20:25

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Чин Тоҷикистону Қирғизистонро ба муносибати имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик гуфта, ба нақши калидии роҳбарони ду кишвар дар ҳалли мусолиматомези масъалаи сарҳад тавассути музокирот баҳои баланд медиҳад. Дар ин хусус 14 март намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин изҳор намуд.

«Он ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад», — таъкид кард ӯ.

«Чин ҳамчун ҳамсояҳои наздик ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ омода аст бо Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд талош намояд ва якҷоя ҷомеаи наздиктари ояндаи муштараки Чин ва Осиёи Марказиро бунёд намояд», — гуфт Мао Нин.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

Март 14, 2025 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид