Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир шуд

Март 26, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар мамлакат тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дорад. Аз ҷумла, дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашни қадимаи халқи тоҷик чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар доданд.

Дар саҳни бинои Агентӣ гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ба намоиш гузошта шуданд. Ҳар як гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои ҷумҳурӣ — бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.

Директори Агентии суғурати иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки понздаҳ сол пеш, яъне 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси Ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт .

«Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни аҷдодии мо акнун дар саросари олам бошукӯҳ таҷлил мегардад. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо маҳсуб шуда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст», — афзуд Абдураҳмон Ҳалимзод.

Дар ҷашни наврузӣ иброз гардид, ки Наврӯз як достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст.

Барномаи фарҳангии иборат аз шеъру сурудҳои наврӯзӣ ба ин ҷашн шукуҳи тоза бахшид.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 26, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад