Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Рӯзи Модар ботантана таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки «бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибор, эҳтиром ва қадршиносии давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳурӣ ба модар ва бузургии ӯ мебошад». Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд. Нақши занону духтарон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявии Тоҷикистон бузург аст. Баробари кор дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, варзиш, онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои низомӣ фаъолияти софдилонаву содиқона доранд.
«Мақоми баланди модар, пиндору рафтору гуфтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардид, ки аҳли башар дар ҳама давру замон модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин мавҷуд ҳамеша азиз доранду ба қадри заҳматҳои сангинаш бирасанд. Мо ҳам ҳамеша рӯйи ниёз ба модар дорем ва ҳангоми пеш омадани ҳар гуна мушкилот аз модар мадад меҷӯем», -таъкид гардид дар ҳамоиш.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намудаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст».
Иброз шуд, ки дар Агентӣ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст






