Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Март 19, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, дар саҳни бинои академия аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯришҳои баҳорӣ ороста шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид кард, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳамаи давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагию бунёдкориҳо даъват менамояд. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб намуду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо сиёсати сулҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилӣ аст, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаи варзишии шоҳмот аз ҷониби роҳбарияти академия бо Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки қабл аз оғози ҳамоиши идона дар толори академия таҳти унвони «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он олимону муҳаққиқон доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳияту арзишҳои суннатии миллати куҳанбунёди тоҷик маъруза намуданд.


АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд