Дар Чин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд

Март 22, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 6-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Урумчӣ, ки рӯзҳои 22-24 март дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мешавад, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии мамлакат муаррифӣ мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии мазкур яке аз намоишгоҳҳои бонуфуз дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар намоишгоҳи қаблии он намояндагони соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур ғурфаҳои сайёҳӣ, B2C и B2B вохӯриҳо ташкил карда шуда, мавзуъҳо оид ба рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, масъалаҳои кадрӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда мешаванд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд