Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид гардид

Март 15, 2025 15:00

 ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баробари ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷумҳурӣ ҳамзамон дурнамои рушди соҳаи тандурустӣ низ ҳаматарафа баррасӣ ва таҳлил гардида, мақсаду мароми давлату миллат бори дигар муайян ва мушаххас шуд. Ба ин маънӣ, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи таъминкунандаи рушди минбаъдаи давлатамон барои солҳои оянда маҳсуб мешавад.

Маҳз амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба таъмини рушди босуботи давлатдории миллӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат ислоҳоти пурраи соҳаи тандурустӣ ва сохтори он дар мамлакат оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар доираи ин ислоҳот аввал якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, инфрасохтори тиббӣ бамаротиб рушд намуд, ки таъсиси коллеҷҳои тиббӣ аз ҳамин ҷумла аст. Агар соли 1991 дар мамлакат 10 коллеҷи тиббӣ ва танҳо як Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият менамуд, имрӯз барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб 26 коллеҷи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Онҳо дорои пойгоҳҳои моддию техникии устувор дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ҳастанд.

Ҳамин тавр, давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафт. Табибони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз имконияти фароҳамоварда истифода намуда, барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуданд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарпешистода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Албатта, беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ ба сатҳу сифати омода намудани кадрҳо вобаста мебошад. Бо ин мақсад зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ пеш омад ва Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар самти омодакунии кадрҳои тиббӣ дастовардҳо назаррас буда, ҳамасола нафарони зиёд муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи тандурустиро хатм намуда, соҳиби ҷойи кор мешаванд. Хатмкардагони Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ низ аз ҳамин шумор буда, барои таъмини сиҳатии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ҷиддӣ кӯшиш менамоянд.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: «Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар чанд соли охир бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлон бо беҳтарин шароит бунёд шуда, ба истифода дода шуданд. Инчунин даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду навсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳамаи имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардид. Бо вуҷуди корҳои амалигардида ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон барои то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин дар Паёми Президенти Тоҷикистон  гуфта шуд, ки тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. «Ман зимни вохӯриҳо масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар ҳамин замина таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.

Пешниҳод  шуд, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари дигар кормандони соҳаҳои гуногун маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи мамлакат ба шумор рафта, дар муайян намудани фардои дурахшони Ватан нақши муҳим мегузорад.

«Саломатии миллат боигарии давлат аст»- аз таъкидҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин, метавон хулоса намуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол аз сол рушд намуда, мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурии мо дар самти таъмини саломатии аҳолӣ гомҳои устувор мегузоранд.

Таҳмина ИМОМЁРБЕК,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 

АКС:Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Дар бозорҳои истеъмолӣ 35 тонна маҳсулоти бесифат нобуд карда шуд
14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура. Прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст
Феврали соли 2025 — гармтарин моҳ дар таърихи мушоҳидаҳо. Президенти Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дода буданд
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад
Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
Ба киҳо барои ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда баромадан кафолат дода мешавад? Шарҳи коршиносон
Саҳми донишманди барҷастаи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар инкишофи илму техника назаррас аст. Эҳдо ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин дар фасли баҳор боиси авҷи бемории гастрит мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамояд
Мумина Шовалиева: «Растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллӣ мебошанд»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак иллати меъдаро рафъ ва кори дилро муътадил менамояд
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст