Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмоишгоҳи «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмоишгоҳи химиявии «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии «Химияи аналитикӣ» ва синфхонаи компютерӣ ректори донишгоҳ, профессор Дилшод Раҳмон аз нақш ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалӣ дар таҳкими ҳамбастагӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳу дӯстӣ ёдовар шуда, бо руҷуъ ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои амалӣ намудани саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Озмоишгоҳҳои муосири химиявии донишгоҳ бо дастовардҳои инноватсионии илму техника муҷаҳҳаз буда, барои таълими дарсҳои самараноки озмоишии омӯзгорони фанҳои соҳавӣ, барангехтани шавқу завқи муҳассилин, ташвиқ ва ҷалби онҳо ба масири илму ихтироот, пажуҳишҳо дар мавриди обу иқлим, тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати саноатикунонии босуръати мамлакат, дарёфту коркард, пешниҳод ва татбиқи механизмҳои иқтисоди «сабз» ва таъмини рушди устувор заминаи воқеию муътамад мегузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






