Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конфересияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба обшавии пиряхҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи конферения иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, он имкони хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.
«Маврид ба таъкид аст, ки иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», — гуфта шуд дар идома.


Иштирокдорони конференсияи дар мавзуъҳои «Таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зисти табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Адаптация к изменению климата в Кыргызстане: значение лесных экосистем для устойчивости региона», «Беасосии (марги гармии олам) ва кӯшишҳои бартарафкунии он» ва «Аҳамияти пиряхҳои Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисоди сабз» маърӯзаҳо намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Бинобар ин иштирокдорон ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар масъалаи мавриди назар саривақтӣ ва манфиатовар дониста, иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.
АКС: шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон










Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






