Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу ҷалоли хосса таҷлил карда шуд

Март 25, 2025 14:30

НОРАК, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври хосса таҷлил карда шуда, дар майдони неругоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонони ин барномаи фарҳангӣ гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд аз ин неругоҳ иттилоъ доданд.

Дар барномаи наврӯзӣ  иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост. Ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надод, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳагпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу ҷалоли хосса касб карда, мақоми байналмиллалӣ гирифт».

Иброз гардид, ки  вожаи Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо ҳамин ном истифода мешавад.   Наврӯз дар фарҳанги мо-тоҷикон рӯзи нав, зиндагии нав, ба ваҳдат омадани инсонҳоро талқин менамояд ва ин рукни муҳим пос дошта мешавад. Агарчи борҳо Наврӯз аз ҷониби аҷнабиён мавриди ҳуҷум қарор гирифта бошад ҳам, вале азбаски ба ягон дину мазҳаб марбут набуд, боз аз нав дар ҷилои тоза зуҳур намуд.

Барои болидаруҳии меҳмонону кормандон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Норак»

Март 25, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад