Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу ҷалоли хосса таҷлил карда шуд
НОРАК, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври хосса таҷлил карда шуда, дар майдони неругоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонони ин барномаи фарҳангӣ гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз ин неругоҳ иттилоъ доданд.
Дар барномаи наврӯзӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост. Ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надод, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳагпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу ҷалоли хосса касб карда, мақоми байналмиллалӣ гирифт».
Иброз гардид, ки вожаи Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо ҳамин ном истифода мешавад. Наврӯз дар фарҳанги мо-тоҷикон рӯзи нав, зиндагии нав, ба ваҳдат омадани инсонҳоро талқин менамояд ва ин рукни муҳим пос дошта мешавад. Агарчи борҳо Наврӯз аз ҷониби аҷнабиён мавриди ҳуҷум қарор гирифта бошад ҳам, вале азбаски ба ягон дину мазҳаб марбут набуд, боз аз нав дар ҷилои тоза зуҳур намуд.
Барои болидаруҳии меҳмонону кормандон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Норак»








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






